價格:免費
更新日期:2017-01-06
檔案大小:6.3M
目前版本:1.0.2
版本需求:Android 1.6 以上版本
官方網站:mailto:faridun.888@gmail.com
Талоқ дар луғат ба маънои бардоштани қайду банд ва раҳо кардан аст ва дар истилоҳи шариат талоқ аз ҳукми шаръие иборат аст, ки қайди никоҳ ва ресмони ақдро бо гуфтани калимаҳои махсус бардошта месозад ва ба ҳаёти заношавҳарӣ дар миёни марду зан хотима мебахшад.
Талоқ ба унвони охирин роҳи ҳалли қазияҳо (мушкилот) ва бӯҳронҳои даргирифта дар хонавода дониста шудааст ва он ҳам дар сурате ки дари тамоми роҳи ҳалҳо баста гардад, ба иҷро гузошта мешавад. Агар чора ва илоҷи дигаре ғайр аз он барои ҳалли мушкилоти хонаводагӣ пайдо шавад, дар он сурат набояд ба он мутавассил шуд.
Аз ин ҷост, ки дар суханони гаронмояи паёмбари ислом (с) мебинем, ки талоқро ба унвони ногувортарин ва бадтарин ҳалолҳо дар назди Худо гуфтааст. (1) Ё дар ҷои дигар баён шудааст: Зане, ки бе ҳеҷ узре аз шавҳараш дархости талоқ намояд, бӯи биҳишт ба машомаш (димоғаш) намерасад, яъне дарҳои биҳишт бар рӯяш баста аст. (2)